Октябр 21, 2016 16:45 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти сукути ҷаҳонӣ баробари ҷиноёти саудиҳо дар Яман

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон сукути ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи идомаи ҷиноёти Арабистони Саудиро дар Яман ва минтақа маҳкум кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козимии Сиддиқӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷиноёти Арабистони Саудӣ дар Яман, аз ҷумла ҳамлаи ахир ба як маросими азодорӣ дар Санъо, аз сукути ҷомеаи байналмилалӣ дар қиболи куштори мардуми бегуноҳи Яман интиқод кард ва гуфт: "Ин сукути шармовар, расвоии бузург барои муддаиёни ҳуқуқи башар ва дабири кулли Созмони милали муттаҳид аст".

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ бо баёни ин ки кӯдаккушии саудиҳо дар Яман ва минтақа дар воқеъ ҳамон такрори идомаи ҷиноёт ва кӯдаккушии режими саҳюнистӣ дар Ғаззаву Лубнон аст, таъкид кард: "Режими саудӣ шарики тавтеаҳои шуми Амрико дар минтақаи Ховари миёна аст".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар идома ба шашумин размоиши Нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ишора кард ва гуфт, паёми размоиши ахири Нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, сулҳу дӯстӣ барои миллатҳои минтақа ва ҳушдор барои касоне аст, ки дар баробари тавони дифоии Ҷумҳурии исломии Эрон дучори таваҳҳум шудаанд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ таъкид кард, Нерӯи ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ таблуи дурахшони иқтидори Эрон будаасту ҳамчунон ба пешрафти худ идома медиҳад.