Март 29, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф ва Атмар, вазирони хориҷаи Эрон ва Афғонистон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе дидор карданд
    Зариф ва Атмар, вазирони хориҷаи Эрон ва Афғонистон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе дидор карданд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар Душанбе бо ҳамтои афғонистонии худ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши торнамои шабакаи хабарии “Алолам”, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи душанбе дар ҳошияи конфронси “Қалби Осиё” дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон охирин вазъияти ҳамкориҳои Теҳрон ва Кобулро бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон мурур кард.

Вазири хориҷаи Эрон дар ин дидор гуфт: “Талоши бархе тарафҳо барои тираву тор кардани фазои афкори умумӣ дар Эрону Афғонистон нишонаи нохушнудии он кишварҳо ва ҷараёнҳо аз наздик шудани Эрон ва Афғонистон аст”.

Зариф бо ишора ба рафъи бархе маҳдудиятҳои консулӣ барои шаҳрвандони Афғонистон, ҳадаф аз ин иқдомотро мубориза бо бондҳои қочоқи атбои Афғонистон ба Эрон дониста ва бар идомаи талошҳо барои шаффофсозии ҳузури атбои Афғонистон дар Эрон таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон низ дар ин дидор маротиби ташаккури давлат ва миллати худро аз мусоидатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар маҳори оташсӯзиҳои гумрукҳои марзии Афғонистон эълом кард ва Эронро наздиктарин дӯсти Афғонистон хонд.

Атмар хостори идомаи тавсеаи ҳамкориҳо ва машваратҳои созандаи Эрон дар ҳавзаҳои сиёсиву иқтисодии Афғонистон шуд ва бар омодагии комили Кобул барои ташкили комиссияи муштараки ду кишвар дар ҳафтаҳои оянда таъкид кард.

Табодули назар дар бораи раванди сулҳи Афғонистон дигар мавзӯи гуфтугӯи Зариф ва Атмар буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп