Март 30, 2021 13:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф бо вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Дидори Зариф бо вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф дар ҳошияи конференсияи "Қалби Осиё" дар Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов дидор ва гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ( сешанбе ) дар ҳошияи конеренсияи «Қалби Осиё - раванди Истамбул » дар Тоҷикистон бо «Ҷайҳун Байрамов»,  вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дидор ва гуфтугӯ кард. 

Дар ин дидори тарафайн дар мавриди охирин таҳаввулоти минтақаи Қафқоз, ҳамкориҳои ду кишвар дар Хазар ва сойири мавзӯъоти мавриди алоқа дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодии табодул назар карданд. 

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки шомгоҳи якшанбе барои ширкат дар ин конференсия ва дидор бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шуд, дирӯз дар ҳошияи ин нишаст бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, вузароии хориҷаи Ҳинд ва Афғонистон ва дабири иҷроии Сика дидор ва гуфтугӯ кард. 

Нуҳумин конференсияи Қалби Осиё - раванди Истамбул аз рӯзи душанбе ба муддати ду рӯз дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли баргузорист. 

15 кишвари узви Қалби Осиё шомили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон,Тоҷикистон, Покистон, Чин, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Туркия,

Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳида Арабӣ ҳастанд. Амрико, Австралия, Канада,Дания, Миср, Фаронса, Финланд , Олмон, Ироқ  Италия ، ҷопон ، Норвегия ، Полша ، Испания ، Шветсияу Англиси ҳам кишварҳои ҳомии Қалби Осиё ба шумор мераванд. 

Конфаронси  Қалби Осиё аз соли 2011 то 2019 дар Истамбул,Кобул, Алма-Ата Пекин, Исломобод,  Амритсар, Боку ва Истамбул баргузор шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп