Сафири Эрон дар Сурия: Ҳамкориҳои Эрон ва Чин боиси пешрафти минтақа мешавад 
(last modified Tue, 30 Mar 2021 11:17:19 GMT )
Март 30, 2021 16:17 Asia/Dushanbe
  • Туркободӣ: Санади Барномаи ҷомеи ҳамкориҳои Эрон ва Чин манофеи муштараки Эрону Сурия ва ҳамаи шарикони Эрон дар минтақаро шомил хоҳад шуд
    Туркободӣ: Санади Барномаи ҷомеи ҳамкориҳои Эрон ва Чин манофеи муштараки Эрону Сурия ва ҳамаи шарикони Эрон дар минтақаро шомил хоҳад шуд

Сафири Эрон дар Сурия гуфт, санади Барномаи ҷомеи ҳамкориҳои Эрон ва Чин фурсате ҷадид барои рушду пешрафти кулли минтақа ба вуҷуд меоварад.

Ҷаводи Туркободӣ имрӯз (сешанбе) дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Алватан”-и Сурия иброз дошт, ки санади Барномаи ҷомеи ҳамкориҳои Эрон ва Чин манофеи муштараки Эрону Сурия ва ҳамаи шарикони Эрон дар минтақаро шомил хоҳад шуд.

Вай имзои санади Барномаи Ҷомеи ҳамкориҳои Эрону Чинро бисёр муҳим тавсиф кард ва изҳор дошт: Ҳадафи ин санади ҳамкорӣ тавсеаи равобит ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мушорикати иқтисодиву тиҷории байни ду кишвар аст.

Сафири Эрон дар Сурия афзуд: Ин тавофуқи ҳамкорӣ афзун бар таъмини манофеи муштараки ду кишвар, манофеи Сурия ва ҳамаи шарикони Эрон дар минтақаро мадди назар қарор дорад.

Вай бо баёни ин ки санади Барномаи Ҷомеи ҳамкориҳои Эрону Чин ҳосили огоҳии Эрон аз умқи мавқеияти худ дар минтақа аст, афзуд: Ин санад мехоҳад фурсате ҷадид барои рушду пешрафти кулли минтақа ба вуҷуд оварад.

 

Бештар бихонед: