Апрел 01, 2021 20:30 Asia/Dushanbe
  • Мубодилаи 2 нафар аз маҳкумони Эрон ва Тоҷикистон

Ду нафар аз маҳкумони Эрон ва Тоҷикистон мубодила ва яке дигар аз маҳкумони эронӣ, ки раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури афви онро содир карда буд, ба кишвар бозгашт.

Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси кумитаи интиқоли маҳкумон гуфт: Ин мубодила дар пайи сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ба Душанбе ва ройзанӣ бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афв ва интиқоли 2 нафар аз маҳкумони эронӣ, ки даврони маҳкумияти худро дар зиндонҳои Тоҷикистон мегузаронданд, анҷом шуд.

Вай зимни қадрдонӣ аз Муҳаммадҷаводи Зариф ва мақомоти Тоҷикистон, аз ҳусни нияти Сайид Алиризо Овоӣ, вазири додгустарӣ дар мувофиқат бо интиқоли як нафар аз маҳкумони тоҷикистонӣ ба Душанбе қадрдонӣ ва таъкид кард: Ҳамкориҳои бисёр хубе байни мақомоти Эрон ва Тоҷикистон дар заминаҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ барқарор аст ва дар садади густаришу таъмиқи ин равобит ҳастем.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумони Вазорати додгустарии Эрон аз ташкили кумитаи пешгирӣ аз вуқӯи ҷурм коргурӯҳи ҳимояти ҳуқуқӣ ва қазоӣ аз эрониёни хориҷ аз кишвар ба раёсати ҷонишини муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқӯи ҷурми Қувваи қазоия дар Вазорати додгустарӣ хабар дод ва афзуд: Омӯзишу итилоърасонӣ ва пешгирӣ аз вуқӯи ҷурм тавассути ҳамватаноне ки ба дигар кишварҳо сафар мекунанд, дар дастури кори ин кумита аст ва эътиқод дорем бештарин тавваҷуҳи худро бояд ба амри пешгирӣ мутамаркиз кунем, зеро пешгирӣ илова бар сиёнат аз ҳайсияту эътибори байналмилалии кишвар, монеъ аз сарфи ҳазинаҳои ҳангуфти мубориза бо ҷурму зиндон ва интиқоли маҳкумон мешавад.

 

Бештар бихонед: