"Сездаҳбадар"-и эрониҳо имсол ҳам коронаӣ буд
(last modified Fri, 02 Apr 2021 11:51:53 GMT )
Апрел 02, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Бисёре аз эрониҳо имсол тарҷеҳ доданд сездаҳбадарро ба ҷои табиат дар ҳавлӣ ва рӯи боми хонаҳояшон гузаронанд.
    Бисёре аз эрониҳо имсол тарҷеҳ доданд сездаҳбадарро ба ҷои табиат дар ҳавлӣ ва рӯи боми хонаҳояшон гузаронанд.

Мисли соли гузашта, имсол дар Эрон 13-уми фарвардин, ки дар фарҳанги Эрон бо номи "Сездаҳбадар" маъруф аст, ба далели густариши вируси корона аз солҳои гузашта фарқ мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми Эрон дар сездаҳумин  рӯз аз фарвардин ҳар соли нави бино ба суннатии писандида ва некӯ ба домони табиат мерафтанд то охирин рӯз аз таътилоти наврӯзиро ҳамроҳ бо хонавода дар табиати бигузаронанд, аммо имсол ҳам густариши вируси корона сабаб шуд бештари шаҳрвандон " сездаҳбадар "-ро дар хонаҳои худ бимонанд. 

Мардуми Эрон имсол низ ҳамчун соли гузашта бо ҳадафи арҷ ниҳодан ба саломатии худ ва атрофиёншон ва бо роҳандозии пӯишҳое ҳамчун #дар_ хона_бимонем ва #корона_ро_шикаст_медиҳем ба муборизаи худ бо вируси корона идома медиҳанд. 

Мардуми Эрон дар давраҳои мухталифи торихӣ, наврӯзро ҷашни офариниш ва оғози ҳастӣ дониста поёни ҷашнро рӯзи 13 фарвардин мепиндоштанд ва ин рӯз назди эрониёни бисёр муборак ва фархунда аст. 

Дар тақвими расмии Эрон низ рӯзи 13 фарвардин рӯзи табиат номгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: