Вазири хориҷаи Эрон ба Осиёи Марказӣ меравад
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз сафари Ҷавод Зариф ба 4 кишвари Осиёи Марказӣ хабар дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории донишҷӯёни Эрон (Исно), Саид Хатибзода рӯзи ҷумъа дар Твиттӣ навишт: "Тавсеаи равобит бо Осиёи Марказӣ -минтақаи иштирокоти тамаддунӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ-ҳамвора ҷузъи авлавиятҳои аслии Эрон будааст."
Хатибзода афзуд: "Муҳаммадҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда (5 апрели2021) озими Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон аст."
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард тамаркуз бар ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ ҳадафи сафари Зариф ба Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Муҳаммадҷавод Зариф ҳафтаи гузашта низ барои ширкат дар конфренсияи Қалби Осиё ба Тоҷикистон рафт ва бо мақомҳои олирутбаи тоҷик, аз ҷумла Эмомали Раҳмон раисҷумҳур дидор кард.
Бештар бихонед: