Рушанак : Содироти Эрон ба Тоҷикистон коҳиш надошта аст
(last modified Mon, 05 Apr 2021 08:30:40 GMT )
Апрел 05, 2021 13:30 Asia/Dushanbe
  • Раиси утоқи муштараки Эрон ва Тоҷикистон гуфт:Содироти Эрон ба Тоҷикистон афзоиш дошта, аммо дар омори расмӣ сабт нашуда аст
    Раиси утоқи муштараки Эрон ва Тоҷикистон гуфт:Содироти Эрон ба Тоҷикистон афзоиш дошта, аммо дар омори расмӣ сабт нашуда аст

Раиси утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон дар бораи иллати коҳиши нишон додани омори расмии содироти Эрон ба Тоҷикистон тавзеҳ дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Ҳуросон ба нақл аз хабаргузории кори Эрон, ЭЛНО, Муҳамадҳасани Рушанак-раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон дар бора ҳаҷми тиҷорати ду кишвар гуфт : « Тибқи омори расмӣ тиҷорати мо бо Тоҷикистон ба шиддат коҳиш доштааст, аммо далели коҳиш ин набӯда, ки коло аз Эрон ба Тоҷикистон нарафта, балки ба хотири ихтилофи байни Душанбе ва Ишқобод  мошинҳои боркаши Эрон наметавонистанд аз Туркманистон ба Тоҷикистон бираванд ва маҷбур шудем колоҳоро ба кишварҳои дигар бифиристем, то аз он тариқ вориди Тоҷикистон кунем . »

   Ваӣ афзуд : « Дар ҳақиқат ҳаҷми содироти воқеии мо ба Тоҷикистон на танҳо коҳиш надошта, балки афзоиш низ доштааст . »

  Рушанак бо ибрози умедворӣ аз ояндаи тиҷории Эрону Тоҷикистон дар соли 1400 хуршедӣ гуфт : « Бо тавваҷуҳ ба сафари вазири умӯри хориҷа ба Тоҷикистон ва тамоюли ин кишвар ба беҳбуди равобит ، акнун вазъият беҳтар шудааст ва умедворам ки имсол битавонем ҳаҷми бештаре аз содироту воридот аз Осиё марказӣ дошта бошем . »

    

  Бештар бихонед :