Октябр 22, 2016 17:39 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Маҷмаи бедории исломӣ: Саудиҳо, пушти пардаи буҳронҳои минтақӣ ҳастанд

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ, гуфт, дасти ҳуккоми Саудӣ дар пушти пардаи тамоми буҳронҳои минтақаӣ аз Сурия ва Ироқ гирифта то Яман, Баҳрайн ва Либия ошкор аст

Алиакбари Вилоятӣ рӯзи шанбе дар ифтитоҳияи нуҳумин иҷлоси Шӯрои олии Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ дар Бағдод гуфт, ваҳобият бо абзори пул ҳамчунон ба фитнаангезӣ дар ҷаҳони Ислом идома медиҳад .

Вилоятӣ афзуд, ошкорсозӣ ва ҳанҷоршиканӣ дар барқарории равобити Арабистон бо режими саҳюнистӣ, худ нанги дигаре аз сӯи ҳуккоми Саудӣ, зарбаи ҷадиде бар пайкараи Ислом ва ормонҳои милали исломӣ аст .

Ба гуфтаи вай, имрӯз хиёнат ва ҷиноят дар ҳақи Фаластин моҳияти мутафовит ба худ гирифта ва дар чорчӯби як сенарияе аз қабл барномарезӣ шуда, авлавияти бисёре аз миллатҳои мусулмони минтақа, аз мавзи « ишғолгарии режими саҳюнистӣ» ба самти масоили дохилӣ аз ҷумла « ДИИШ ва ҷангҳои такфирӣ » кашонда шудааст .

Вай гуфт, ҷараёнҳои такфирӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, кишварҳои исломиро ба шиддат машғӯли худашон карда ва даргириҳоро аз сатҳи мубориза бо режими ишғолгари Қудс ба сатҳи чолиш бо гурӯҳҳои такфирӣ таназзул додаанд .

Вилоятӣ афзуд, мутмаиннан амалиёти Мӯсил ва набарди бузурги артиш, нерӯҳои низомӣ ва нерӯҳои мардумии Ироқ бо ДИИШ, метавонад оғозе бар поёни ҳаёти хашинтарин ва муртаҷеонатарин гурӯҳи террористии торихи муосири ҷаҳонӣ, яъне ДИИШ бошад .

Алиакбари Вилоятӣ тасреҳ кард, пас аз гузашти беш аз 5 сол аз оғози мавҷи бедории исломӣ ва ташкили Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ ба тадбир ва ибтикори мақоми муаззами Раҳбарӣ оятуллоҳ Хоманаӣ, душманон бедории исломӣ амалан натавонистаанд, ҳатто бо созмондиҳии гурӯҳҳои такфирӣ, хостаҳои худро дар заминаи маҳори ин мавҷи азим муҳаққиқ кунанд .