Апрел 08, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Эрону Тоҷикистон дар дувумин дидори вазирони дифои ду кишвар тафоҳумномаи ҳамкории дифоӣ ва низомӣ имзо карданд
    Эрону Тоҷикистон дар дувумин дидори вазирони дифои ду кишвар тафоҳумномаи ҳамкории дифоӣ ва низомӣ имзо карданд

Вазири дифои Эрон дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гуфт: Ҳар ду кишвари Эрону Тоҷикистонро тероризми фароминтақаӣ таҳдид мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, амир сартип Амири Ҳотамӣ-вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар поёни даври дуввуми музокирот бо генерал Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики худ гуфт : «Хушҳолам, ки дар ибтидои соли 1400 мизбони вазири муҳтарами дифои Тоҷикистон ва ҳайати муҳтарами ҳамроҳи эшон дар Теҳрон будем ва дар се рӯзе, ки ҳайати муҳтарами тоҷик дар Теҳрон буданд боздидҳои мухталиферо мутаносиб бо хости ҳайати Тоҷикистон тадорук дидем, ки анҷом шуд ва дар ниҳоят санади ҷамъбасти ин музокирот имрӯз имзо шуд.»

    Амири Ҳотамӣ бо ишора ба таҳдидҳои муштарак алайҳи ду кишвар гуфт : «Ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар таҳдиди тероризм ҳастанд, албатта кулли минтақаи мо бо ин таҳдид, ки асосан дар дахолатҳои фароминтақаӣ реша дорад рӯбарӯ аст ва ҳар ду кишвар мухолифи ин навъ таҳдидҳо ҳастанд . »

    Амири Ҳотамӣ бо ишора ба равобити хуби ду кишвари Эрону Тоҷикистон дар гузашта гуфт : « Ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар бо як танаффус рӯбару шуда буд, ки имрӯз тасмим гирифтем ҳамкориҳоро дубора шурӯъ кунем ба ҳамин далел ҳайатҳои коршиносӣ табодул хоҳад шуд, ки ин ҳайатҳо гуфтугу ва табодули назар хоҳанд дошт ва заминаҳои ҳамкориро ба таври комил фароҳам хоҳанд кард . »

 Вазири дифои Эрон бо ишора ба сафари ҳамтоии тоҷикаш ба Теҳрон дар нахустин рӯзҳои баҳор ва андаке пас аз ҷашни Наврӯз низ гуфт : « Умедворем ин шурӯъ, ки дар оғози соли 1400 ва ҳамзамон бо оғози баҳор аст, як шурӯи бисёр хуб барои ду кишвар дар ҷиҳати афзоиши амнияти минтақа бошад ва дар ниҳоят рифоҳ, осоишу оромиши ду миллати Эрону Тоҷикистонро фароҳам кунад . »

   Дар поёни ин музокирот тафоҳумномаи ҳамкорӣ низ ба имзои ду тараф расид.  

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп