Рӯнамоӣ аз 9 маҳсули ҳастаӣ дар Эрон
9 маҳсули корбурдии санъати ҳастаӣ бо талоши донишмандони эронӣ дар минтақаи ҳастаии Исфаҳон (маркази Эрон) бумисозӣ шуд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бисёре аз ин маҳсулот дар инҳисори чандин кишвари аврупоӣ буд, аммо аз имрӯз Эрон низ ба ҷамъи созандагони онҳо дар ҷаҳон пайваст.
Намунаи сӯхти маҷозӣ ва урани филизӣ барои тавлиди сӯхти реакторҳо аз маҳсулоти ҳастаие аст, ки дар Исфаҳон аз онҳо рӯнамоӣ шуд.
Бо тавлиди ин маҳсулот, илова бар ин ки Эрон ба ҷамъи гурӯҳи тарроҳони сӯхт дар дунё пайваст, ба тавони тавсеаи сӯхт дар реактори Теҳрон ҳам даст ёфт.
Ҳамчунин маҳсулоте тавлид шудааст, ки ба унвони радиодору барои ташхиси бисёре аз бемориҳо ва ба хусус дар дармони саратонҳо истифода мешавад.
Бештар бихонед:
- Рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Эрон гиромӣ бод
- Эрон бузургтарин тавлидкунандаи маводи аввалияи дору дар Ғарби Осиё мешавад