Хоҷа Насириддини Тӯсӣ - нобиғае аз табори Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124292-Хоҷа_Насириддини_Тӯсӣ_нобиғае_аз_табори_Эрон
“Порс-Тудей”. Панҷуми исфанд дар тақвими Эрон Рӯзи бузургдошти Хоҷа Насируддини Тӯсӣ аст, ки номаш бо тулӯи илм дар Эрон гиреҳ хӯрдааст.
(last modified 2026-02-23T09:27:12+00:00 )
Феврал 23, 2026 14:23 Asia/Dushanbe
  • Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, донишманди эронӣ
    Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, донишманди эронӣ

“Порс-Тудей”. Панҷуми исфанд дар тақвими Эрон Рӯзи бузургдошти Хоҷа Насируддини Тӯсӣ аст, ки номаш бо тулӯи илм дар Эрон гиреҳ хӯрдааст.

Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, файласуф, мутакаллим, риёзидон, мунаҷҷим ва муҳандисе, ки на танҳо марзҳои донишро дарнавардид, ки дар буҳронитарин адвори таърих ақлониятро ба доди инсоният расонд. Рӯзи таваллуди ӯ - яъне панҷуми исфанд дар тақвими Эрон ба унвони Рӯзи Муҳандис номгузорӣ шудааст. Дар ин матлаб аз “Порс-Тудей” нигоҳе ба зиндагиномаи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ андохта шудааст.

 

Таваллуд дар Эрон ва сафар ба Ироқ

Дар панҷуми исфанди соли 579 ҳиҷрии шамсӣ, дар масири бозгашти як хонаводаи олим аз сафари зиёратӣ, кӯдаке дар шаҳри Тӯси Эрон чашм ба ҷаҳон кушод. Падараш шайх Ваҷяҳуддин Муҳаммад бин Ҳасан, олими барҷастаи Қум, бо тафаъъул ба Қуръон, номи ӯро Муҳаммад ниҳод. Ҳамон ки баъдҳо бо лақаби Насируддин ва унвони Устодулбашар дар таърих мондагор шуд. Муҳаммади навҷавон омӯзишро назди падар оғоз кард ва сипас назди тағояш Нуруддини Шиъӣ бо риёзиёту мантиқ ошно шуд. Дар идома, Насируддин Абдуллоҳ бин Ҳамза либоси олимони динро бар тани ӯ пӯшонду лақаби Насируддинро барои ӯ ба армуғон овард. Аммо аташи донистан ӯро аз Тӯс ба Нишобур, Рай, Қум, Исфаҳон ва сипас то Мавсилу Бағдоди Ироқ кашонд. Сафаре илмӣ, ки аз ӯ донишманде ҷомеъулатроф сохт.

 

Наҷоти илм аз Тӯфони Муғул

Бо юриши муғулон, оромиш аз Эронзамин рахт барбаст. Хоҷа Насир, ки дар ин ошӯб ба қалъаҳои исмоилияи Аламути Эрон паноҳ бурда буд, ба муддати 26 сол дар ҳабс ба сар бурд, аммо ҳатто дар зиндон низ қаламро замин нагузошт ва ба нигориши рисолаҳои илмӣ идома дод. Бо ҳамлаи Ҳалокухон ба қалъаҳои Аламути Эрон, сарнавишт варақ хӯрд. Хоҷа Насир бо тадбиру гуфтугӯ, ҳокими қалъаро ба таслим водошт. Ин тасмим на танҳо ҷони ҳазорон инсонро наҷот дод, балки китобхонаи азими Аламутро аз нобудии ҳатмӣ раҳонид. Ӯ сипас ба мақоми вазорату мушовирати Ҳалокухон расид. Аммо он гуна ки имом Хумайнӣ (раҳ) фармуданд: “Хоҷа Насир, ки дар ин дастгоҳҳо ворид мешуд, намерафт вазорат кунад, мерафт онҳоро одам кунад”.

Ӯ бо нуфузи худ хӯи хушунати муғулро маҳор карду таҳдидро ба амният табдил кард.

 

Меъмори дониш - аз мусалласот то ахлоқ

Агар дақиқтар бингарем, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ на фақат файласуф ё мунаҷҷим, ки як муҳандиси тамомайёр буд, муҳандисе ба маънои воқеии калима, яъне сохтан, чӣ дар арсаи риёзиёт, чӣ дар арсаи инсонсозӣ. Дар таърихи муҳандисии Эрон ҷойгоҳи ӯ ягона аст ва аз ӯ ба унвони бунёнгузори илми муҳандисӣ ёд мекунанд. Дастовардҳои илмии ӯ гувоҳи ин муддаост.

Дар риёзиёт бо мустақил кардани мусалласот аз ҳандаса, донише нав бунён ниҳод, ки китобҳояш то қарнҳо дар донишгоҳҳои Аврупову Осиё тадрис мешуд.

Дар нуҷум, расадхонаи Мароғаи Эронро сохт, на як бинои сода, ки маҷмӯае аз абзорҳои дақиқи расадӣ ва китобхонае бо беш аз 400 ҳазор ҷилд китоб, ки онро ба бузургтарин маркази илмии ҷаҳони он рӯз табдил кард.

 

Номе бар пайкари моҳ

Арҷгузорӣ ба ин нобиғаи эронӣ танҳо ба замин маҳдуд намонд. Донишмандони ғарбӣ низ қадри ӯро донистанд. Фаронсавиҳо дар қарни шонздаҳум китоби “Мусалласот”-и ӯро тарҷума карданду имрӯз яке аз даҳонаҳои бархӯрди моҳ ба қутри 60 километр, Насируддин (Nasireddin) ном дорад. Дар соли 1979 низ сайёраки шумораи 10269 ба ифтихори ӯ “Тӯсӣ” номгузорӣ шуд.

Панҷуми исфанд ёдовари ин ҳақиқат аст, ки муҳандисӣ пеш аз он ки сохтани созаҳо бошад, сохтани фардост. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ намоди ақлонияте буд, ки дар дили ошӯб ояндаи илмро сохту номашро бар тораки таъриху пайкари моҳ ҳак кард.