Новшикани иттилоотӣ - сигналии ҷадиди Эрон чӣ вижагиҳое дорад?
(last modified Wed, 15 Jan 2025 08:42:32 GMT )
Январ 15, 2025 13:42 Asia/Dushanbe
  • Новшикани иттилоотӣ - сигналии ҷадиди Эрон чӣ вижагиҳое дорад?

Порс тудей- Нахустини новшикани иттилоотӣ-сигналии сохти мутахассисони эронӣ ба неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломӣ пайваст.

Маросими илҳоқи нахустин нови иттилоотӣ - сигналии Эрон бо номи «Зогрус» ба новгони ҷануби неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломӣ бо ҳузури сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ, сарлашкар Саидабдураҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли артиш ва ҷамъе дигар аз амирону дараҷадорони аршади низомии Эрон, баргузор шуд.

Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз Тасним, нзови иттилоотӣ - размии “Зогрус” комилан бумӣ бӯда ва ба ҳиммати ҷавонону нухбагони эронӣ сохта шудааст ва ниёзҳои неруи дарёии артишро дар абъоду ишрофи иттилоотӣ дар ростои амнияти дарёӣ таъмин мекунад.

“Зогрус”-и эронӣ бо таҷҳиз ба сомонаҳои мушакии сатҳ ба сатҳ ва сатҳ ба ҳаво, қодир ба муқобила бо аҳдофи дарёӣ ва ҳавоӣ дар фавосили гӯногӯн аст. Ҳамчунин ин новшикан бо таслеҳоти тӯпхонаии пешрафта, имкони пуштибонӣ аз амалиётҳои наздикро низ фароҳам мекунад.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин новшикан, системаҳои электронӣ ва ҷанги электронии он аст, ки метавонад дар шиносоӣ ва муқобила бо таҳдидоти электронӣ нақши муассире ифо кунад.

Новшикани “Зогрус” бо қобилияти ҳамли болгард ва таҷҳиз ба аршае муносиб барои амалиётҳои ҳавоӣ, инъитофи амалиётии болоеро барои неруи дарёӣ ба армағон меоварад. Ҳамчунин системаҳои новбарии пешрафтаи он, имкони амалиёт дар шароити мутанаввеъи дарёиро медиҳад ва падофанди ҳавоии қудратманди он, муҳофизати комил дар баробари ҳамалоти ҳавоиро тазмин мекунад.