Имзои тавофуқномаи фаъолияти марокизи фарҳангии Эрон ва Русия
Апрел 13, 2021 14:31 Asia/Dushanbe
Тавофуқномаи таъсис ва чорчӯби фаъолияти марокизи фарҳангии байни Эрон ва Русия ба имзои вазирони хориҷаи ду кишвар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи сешанбе дар Теҳрон тавофуқномаи "таъсис ва чорчӯби фаъолияти марокизи фарҳангии байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия "-ро имзо карданд.
Дар сафари вазири хориҷаи Русия ба Теҳрон дар бораи абъоди масоили минтақавӣ, байниалмилалӣ ва дуҷонибаи назири тавофуқи ҳастаӣ, авзоъи Сурия, Яман ва Афғонистон ва низ масоили иқтисодии ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
Барчасп