Шӯълаи оташе, ки 1500 сол аст хомӯш нашуда +филм
(last modified Tue, 13 Apr 2021 09:50:55 GMT )
Апрел 13, 2021 14:50 Asia/Dushanbe

Оташи оташкадаи Язд дар марокизи Эрон 1500 сол аст, ки месӯзад ва ҳатто як лаҳза ҳам хомӯш нашудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, ин оташ барои зартуштиҳо бисёр муҳтарам аст ва онро оташи муқаддаси Варҳрам varhrām медонанд. 

 Дар даврони империяи Сосонӣ се оташи муқаддас вуҷуд доштааст, ки байни онҳо, оташи Варҳрамро беш аз ҳама муҳим медонистанд. 

Варҳрам дар забони бостонии порсӣ, ба маъноии оташи пирӯзист ва дар гузашта ин оташи муқаддасро дар оташкадаи Озарфаранбағ ( Faranbagh ), дар шаҳри Корён ( дар устони Форси кунунӣ дар ҷануби Эрон ) нигаҳ медоштанд.

Дар ҳамон даврон буд, ки душманон ба шаҳри Корён юриш бурданду зартуштиён барои ҳифзи оташи муқаддас, ба Язд нақли макон карданд.

 

Бештар бихонед: