Октябр 23, 2016 13:08 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбарӣ дар дидори раисиҷумҳури Венесуэла

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, хаёли шикастнопазирии Амрико хатое бузург буда ва иштибоҳҳои мукаррари Амрико, акнун онҳоро дар минтақа ба шиддат замингир ва дармонда кардааст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри шанбе дар дидори Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла бо ишора ба шикасти нақшаҳо ва сиёсатҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, масаълаи коҳиши қимати нафтро абзоре барои фишор бар кишварҳои мустақил донистанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ба истифода аз силоҳи нафт барои таҳмили мушкилоти кунунӣ бар кишварҳои мустақил ишора ва хотирнишон карданд, дар гузашта замоне, ки бархе кишварҳои исломӣ бо бастани нафти худ ба муқобила бо режими саҳюнистӣ баромаданд, ғарбиҳо ба баҳонаи истифодаи сиёсӣ аз нафт ҷанҷол бапо карданд, аммо мутаасифона имрӯз ҳамон кишварҳо дар ҳамоҳангии комил бо сиёсатҳои Амрико аз нафт ба унвони силоҳ истифода мекунанд.

Эшон асаргузории Венесуэла бар ҳаракатҳои зидди истикборӣ дар минтақаи Амрикои Лотинро нишон диҳандаи зарфияти болои ин кишвар хонданд ва бар лузӯми истифода аз фурсати раёсати ин кишвар бар Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, Ғарб тамоюле ба афзоиши таҳарруки Ҷумбиши ғайримутааҳидҳо надорад, аммо кишварҳои мустақил бояд дар нуқтаи муқобили хости онҳо ҳаракат кунанд ва дар ин сурат, оянда яқинан беҳтар аз гузашта хоҳад буд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бар тасмими ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар афзоиши ҳамкориҳо бо Венесуэла таъкид  карданд ва нақши муҳими масъулон ва вазирони ду кишвар дар пайгирӣ ва иҷрои дақиқи тавофуқотро ёдовар шуданд.

Николас Мадуро-раисиҷумҳури Венесуэла низ дар ин дидор бо тамҷид аз муқовимати миллати Эрон дар муқобили душманиҳои Амрико, гуфт, дар ҳоле, ки миллати Эрон дар камоли оромиш ва амният зиндагӣ мекунанд, бисёрӣ аз кишварҳои минтақа ва атрофи Эрон дар ҷанг, тафриқа ва заъф ба сар мебаранд.

 Вай ҳамчунин бо ишора ба коҳиши шадиди қимати нафт дар ду соли гузашта, афзуд, империализми Амрико мудохилот ва душманиҳои фаровоне алайҳи Венесуэла бакор баст, аммо миллати Венесуэла дар баробари ин ҷанги иқтисодӣ муқовимат кард ва акнун ба тадриҷ дар ҳоли хуруҷ аз буҳрони иқтисодӣ аст.