Сукуту сустии Ожонс дар бораи харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии Эрон
(last modified Wed, 14 Apr 2021 11:57:03 GMT )
Апрел 14, 2021 16:57 Asia/Dushanbe
  • 11 апрел ҳамлаи харобкоронае алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон сурат гирифт
    11 апрел ҳамлаи харобкоронае алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон сурат гирифт

Вуқуъи ҳамлаи харобкорона алайҳи таъсисоти ҳастаии Натанз дар рӯзи якшанбе 11 апрел, ки Исроил масъӯли он шинохта шудааст, бори дигар масъалаи лузӯми вокуниши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба унвони ниҳоди назоратии байналмиллалӣ дар заминаи маводу фаъолиятҳои ҳастаии кишварҳоро матраҳ сохтааст.

    Таъсисоти ҳастаии Натанз, ки ғанисозии  уран дар он анҷом мешавад, яке аз чандин таъсисоти ҳастаии Эрон аст, ки таҳти назорати бозрасони Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ қарор дорад. Расонаҳои режими саҳюнистӣ ихтилол дар шабакаи тақсими барқи таъсисоти Натанзро натиҷаи ҳамлаи Исроил дониста ва муддаӣ шуданд, ки ин иқдом бахше аз зиддият бо барномаи ҳастаии Эрон аст . »

    Ба гуфтаи Ронени Бергман ( Ronenи Bergman ) хабарнигори Нию-Йорк таймс : Агар як барномаи ҷомеъи иқдоми муштараки ҷадид имзо шавад, Исроил ҳамчунон ба ҷанги махфиёнаи худ идома хоҳад дод, то ин тавофуқ амалӣ нашавад . Ин ҳамон мавзӯе аст, ки ҳамакнун рӯй медиҳад. Ин ҷанги махфиёнаи Исроил алайҳи Эрон барои итминон аз инки пружаи ҳастаии Эрон ба ҷое нарасад, мебошад.

  Муҳамадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон пас аз ин ҳамла дар номае ба дабири кулли Созмони милал бо ишора ба таҳдидоти қаблии режими саҳюнистӣ дар бора ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон навишт : " Ҳамлаи барқасдона ба як таъсисоти ҳастаии таҳти Подмон - бо риски болоии интишори воқеъии маводи радиоактив - як иқдоми муҷримонаи тероризми ҳастаӣ аст " .

  Дар миёни кишварҳои дорои барномаи ҳастаии дар дунё Эрон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки борҳо бо ҳамлаву таҳдид ба ҳамлаи таъсисоту марказҳои ҳастаии худ рубару будааст . Режими саҳюнистӣ, ки худ дорои зарродхонаи ҳастаии бузурге аст ҳамвора бар муқобила бо тавонмандии ҳастаии Эрон таъкид варзида аст . Дар ин росто Алиакбари Солеҳӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба ҳамлаи рӯзи якшанбе, бар зарурати бархӯрди ҷомеъаи байналмилалӣ ва Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо тероризми ҳастаӣ таъкид кардааст .

    Исроил илова бар талоши бардавом барои террори донишмандони ҳастаии Эрон, ки охирин мавриди он террори Муҳсин Фахризода- донишманди ҳастаи ва дифоӣ дар соли 2020 буд, дар солҳои ахир ба таври мудовим ба тарроҳӣ ва иҷрои анвоъи ҳамалоти интернетӣ ва физикӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон пардохтааст. Яке аз муҳимтарин ҳамалоти интернетии режими саҳюнистӣ бо ҳамроҳии Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар Натанз бо истифода аз вируси Стакснет буд . Чанд сол баъд яъне дар июли 2020 таркише дар бахши монтажи сентрафугаҳо дар Натанз рух дод, ки расонаҳо ва ҳатто коршиносони режими саҳюнистӣ ба дасти доштан дар он иқрор карданд .   Дар ҳамон замон Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена дар суханоне дар нишасти фаслии Шӯрои мудирони   Ожонси байни алмилалии энержии атомӣ , ин таркишро натиҷаи харобкорӣ эълом карда ва  хоҳони он шуд, ки ин иқдомоти бадхоҳона тавассути Ожонс ва  аъзои он қавиан маҳкум шаванд . Бо ин ҳол Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва Рафаэл Гроси, мудири кулли ин ожонс аз ҳар гуна маҳкум сохтани ин ҳамлаи харобкорона худдорӣ варзиданд. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Ғарибободӣ дар қатъномаҳои мухталиф конфронси умумии ожонс таъкид шудааст « ҳар гуна ҳамлаи мусаллаҳона ва таҳдид алайҳи таъсисоти ҳастаии ихтисос дода шуда ба мақсадҳои сулҳомез ва таҳти подмон поймолсозии усули маншури Миллали Муттаҳид, ҳуқуқи байналмиллал ва асосномаи ожонс арзёбӣ мешавад » . Ишораи вай ба ин масъала аст, ки аз манзари ҳуқуқи байналмиллал ва ба истиноди асноди байналмиллалӣ илзомовар дар заминаи эминии таъсисоти ҳастаӣ, қатъномаҳои Ожонс дар бораи мамнуъияти харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаии кишварҳои узв ва низ усулу қоидаҳои маншури Миллали Муттаҳид аз ҷумла асли истифода  аз  зӯр ҳамла ба таъсисоти ҳастаии кишварҳо мамнӯъ аст.

  Акнун бо ҳамлаи харобкоронаи дубораи режими саҳюнистӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии Натанз бо осебрасонӣ ба системаи барқи он, ки дар натиҷаи инфиҷор будааст,ин савол ва хости ҷиддӣ матраҳ аст, ки чаро  Ожонсу мудири кулли он аз ҳар гуна мавзеъгирӣ дар ин замина худдорӣ меварзанд . Дар ҳоле ки онҳо ба хубӣ медонанд, ки ин ҳамалоти харобкорона бархилофи қонунҳо ва муқаррароти ожонс ва низ дуршавии ошкор аз қонунҳои байналмиллалӣ аст . Ин масъала нишон медиҳад, ки бархилофи иддаои Гросӣ дар бораи рӯйкарди бетарафонаи ожонс ва шахси вай, аммо онҳо дар баробари ин гуна иқдомоти ғайриқонунӣ режими саҳюнистӣ сукуту  сустӣ пеша мекунанд .

 

    Бештар бихонед :