Раҳбари Инқилоб: Мухотаби Қуръон ҳама башарият аст
(last modified Wed, 14 Apr 2021 15:44:50 GMT )
Апрел 14, 2021 20:44 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоб: Қуръон ба ҳеч ваҷҳ худро аз чолишҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ канор намекашад
    Раҳбари Инқилоб: Қуръон ба ҳеч ваҷҳ худро аз чолишҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ канор намекашад

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: Мухотаби Қуръон ҳама башарият аст ва иддаои Қуръон ҳидояти ҳамаи башарият ба сироти мустақим ва мақсади саҳеҳ аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Оятуллоҳ Хоманаӣ дар нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар маҳфили қуръонӣ бо ҳузури қориёни барҷастаи қуръонӣ аз ҷаҳони ислом, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд фармуданд: ҳидояти қуръон ба як минтақаи маҳдуде аз зиндагии башар ихтисос надораду марбут ба густараи азими зиндагӣ башар аст ва аз уруҷи маънавӣ ва камоли инсонӣ то масъалаи ҷавомеи башарӣ, иқомаи адл, рафторҳои мудириятӣ барои идораи ҷавомеи инсонӣ, дафъи душманони ботинӣ ва зоҳирӣ, рафъи душманиҳо, ахлоқ, хонавода ва фурӯ нишондани талотумҳои дарунӣ, оромиши инсон, тавсия ба илму шинохти табиат, олами вуҷуд ва рафторҳои фардии инсон ҳама ва ҳама дар Қуръони карими дарс ва ҳидоят дорад. 


Эшон афзуданд: Чи қадар ғофиланд касоне, ки гумон мекунанд Қуръон ба масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисод ва ҳукумат коре надорад ва Қуръонро ба масоили шахсӣ ва ибодӣ мунҳасир мекунанд; чунин касоне бо Қуръон ошно нестанд ва Қуръонро нахонда ва нашинохтаанд ва дучори ин хато дар қазоват мешаванд.

 Раҳбари муъаззами инқилоб таъкид карданд: Қуръон ба ҳеч ваҷҳ худро аз чолишҳои сиёсии иҷтимоӣ канор намекашад ва аз муқобила бо тоғутҳо ва мустакбирон ибое надорад. 

Ҳазрати  Оятуллоҳ Хоманаӣ изофа карданд: Қуръон дар маърази истифодаи мост ва ҳидоятро ба мо арза кардаасту замоне мо метавонем аз ин ҳидоят баҳра гирем, ки тақво вуҷуд дошта бошад ва ин ҳидоят ба маъноии воқеии он дар ихтиёри мо бошад. 

 

 Эшон афзуданд: Моҳи Рамазон моҳи Қуръон аст ва метавон дар ин моҳ аз ҳидояти қуръонӣ баҳра бурд ва бояд Қуръонро дар ин моҳ бо тадаббур ва таваҷӯҳи амиқ ба маъно ва мадад гирифтан аз Худои мутаъол бихонем то дил бо Қуръон ҷило ёбад. 

 

 Раҳбари Инқилоб ба қориёни Қуръон тавсия карданд, ки худро афзун бар қорӣ, мубаллиғи Қуръон бидонанд ва бикӯшанд дар қироъати худ ба маънои дақиқи оёт тавваҷӯҳ кунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён бо ишора ба музокироте, ки барои эҳёи Барҷом дар ҷараён аст таъкид карданд, ки бояд муроқибат шавад то музокира фарсоише набошад, ки тарафҳо бихоҳанд ин музокиротро тӯлонӣ кунанд. 

 

Раҳбари муъаззам инқилоб афзуданд: Ин тавр нест, ки Амрико бихоҳад музокира кунад, ки ҳарфи ҳаққеро қабул кунад, балки ҳадаф ин аст, ки онҳо қасд доранд ботилеро таҳмил кунанд ва пешниҳодҳои мутакаббирона ва таҳқиромезеро матраҳ мекунанд, ки ҳатто қобили нигоҳ кардан нест. 

 

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Ҳатто аврупоиҳо ҳам борҳо дар ҷаласот ба ин мавзӯ иқрор кардаанд, ки ҳақ бо Эрон аст, вале дар мақоми тасмимгирӣ тобеи Амрико ҳастанд. 

 Раҳбари муъаззами Инқилоби исломӣ ҳамчунин аз хадамоти шабонарӯзӣ ва хастагинопазири кодри дармон дар муқобила бо густариши вируси корона таҷлил карданд.

 

Бештар бихонед: