Поёни нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена
Нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена-пойтахти Австрия оғоз шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин ҷаласа соъати 15 бо ҳузури намояндагони Ҷумҳӯрии исломии Эрон ва аъзои гурӯҳи " чаҳор ба изофаи як " оғоз шудааст .
Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон раёсати ҳайати эрониро дар гуфтугуҳои имрӯз панҷшанбеи нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена бар уҳда дорад . Намояндагоне аз дигар вазоратхонаҳои давлатӣ аз ҷумла Бонки марказӣ, Вазорати нафту Созмони энержии атомии Эрон низ дар ин нишаст ҳузур доранд .
Намояндагони Русия, Чин, Фаронса,Олмону Британия дар ин нишаст ширкат карданд .
Дар ин давр аз гуфтугуҳо намояндагони Эрон ва гурӯҳи 4 + 1 барои рафъи таҳримҳо ва мавзӯъоти ҳастаӣ ройзанӣ хоҳанд кард .
Дар ҳеч як аз нишастҳои Комиссиюни муштараки Барҷом ё нишастҳои коршиносии муртабит намояндае аз Амрико ҳузўр надошта ва ҳеч гӯна музокираи мустақим ё ғайримустақиме бо Амрико дар дастури кори ҳайати музокиракунандаи Эрон қарор надорад .
Қарор буд нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом рӯзи гузашта - чаҳоршанбе оғоз шавад, ки ин амр ба далели ибтилои яке аз аъзои ҳайати аврупоӣ ба бемории корона бо як рӯз таъхир ба имрӯз панҷшанбе вогузор шуд .
Бештар бихонед :
- Русия : Шароити бесобиқае барои эҳёи Барҷом фароҳам аст
- Русия: Амрико иқдомоти мутаноқиз бо БарҶомро лағв кунад