Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ иқдоми харобкорона дар Натанзро маҳкум кард
(last modified Thu, 15 Apr 2021 16:57:26 GMT )
Апрел 15, 2021 21:57 Asia/Dushanbe
  • Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ба дунболи иқдоми харобкоронаи режими саҳюнистӣ дар сайти Натанз эълом кард : Режими  саҳюнистӣ муҳимтарину бузургтарин таҳдиде аст , ки  манофеъу амният и ҷаҳони  исломро дар маърази  хатар қарор
    Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ба дунболи иқдоми харобкоронаи режими саҳюнистӣ дар сайти Натанз эълом кард : Режими саҳюнистӣ муҳимтарину бузургтарин таҳдиде аст , ки манофеъу амният и ҷаҳони исломро дар маърази хатар қарор

Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ бо судӯри баёнияе иқдоми харобкорона дар сайти ғанисозии шаҳид Аҳмадии Рушани Натанзро маҳкум кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе ба дунболи иқдоми харобкоронаи режими саҳюнистӣ дар сайти Натанз эълом кард : Режими  саҳюнистӣ муҳимтарину бузургтарин таҳдиде аст , ки  манофеъу амният и ҷаҳони  исломро дар маърази  хатар қарор додааст .

  Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ дар ин баёния таъкид кард:Режими  саҳюнистӣ бо дар ихтиёр доштани  силоҳҳои  куштори ҷамъӣ ва ҳастаӣ ва бархурдорӣ аз пайвандҳои  бисёри амиқи  шабакаҳои молӣ  дар кишварҳои  тавсеъаёфта ва нуфӯз бар низомҳои сиёсӣии ин  кишварҳо ба  яке  аз муҳимтарин  манобеи  таҳдиди иқтисодӣ ва низомӣ  алайҳи  уммати исломӣ, мардуми минтақа ва ҷаҳон табдил  шуда аст  .

   Дар ин баёния омадааст: Ишғоли  Қудси  шариф-нахустин  қиблаи  мусулмонон, оворагии  садҳо ҳазор тан  аз мусулмонони  Фаластин ва раҷазхониҳои  паёпайи  сардамдорони  режими  саҳюнистӣ  алайҳи  Ҷаҳони  Ислом ва таҳдид ба амалисозии руъёи  дастёбӣ ба сарзаминҳои исломӣ , аз ҷумлаи мавориде ҳастанд, ки мубориза  бо саҳюнистҳоро ба як вазифаи динӣ ва инсонӣ бадал кардааст .

    Бар асоси ин баёния, ин амали харобкорона идомаи иқдомоти террористӣ аст, ки аз як даҳа қабл бо террори чандин донишманди ҳастаии Эрон оғоз шуд, ки ниёзманди  тавваҷуҳи муносиб аз сӯи ҷомеъаи байналмиллалӣ ва созмонҳои байналмиллалии муртабит мебошад .

    

  Бештар бихонед :