Намояндаи Эрон: замони шурӯи нигориши матни тавофуқ фаро расидааст
(last modified Sat, 17 Apr 2021 14:46:26 GMT )
Апрел 17, 2021 19:46 Asia/Dushanbe

Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон дар бораи музокироти Камиссиони муштараки БарҶом дар Вена ба марҳалае расидааст, ки тарафҳо метавонанд рӯи як матни муштарак шурӯ ба кор кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрони баъд аз нишасти рӯзи шанбе Камиссиони муштараки тавофуқи ҳастаӣ ё БарҶом дар Вена гуфт: «баназар мерасад як тафоҳуми ҷадид дар ҳоли шаклгирифтан аст ва иштирок дар ҳадафи ниҳоӣ ҳоло байни ҳама вуҷӯд дорад, масире, ки бояд тай шавад ҳоло як миқдор шинохта шудааст.»

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: «дар чорчӯби ин мутун, масир расидан ба як тавофуқ, ки хостаҳои Эрон ва хостаи тарафи муқобил барои иҷрои тааҳҳудоташ дар БарҶом-ро таъмин кунад, равшан аст.»

Нишасти Камиссиюни муштараки БарҶом, ки рӯзи шанбе дар сатҳи муовинон бо ҳузури ҳайатҳои Эрону Гурӯҳи 4+1 дар Вена баргузор шуд.

Ҳозирон дар ин нишаст ба баррасии раванди гуфтугӯҳо дар рӯзҳои гузашта пардохта ва гузориши гурӯҳҳои коршиносӣ дар хусӯси ҳавзаҳои таҳрим ва ҳастаиро дарёфт карданд.

 

Бештар бихонед: