Имзои шаш санади ҳамкорӣ байни Эрон ва Олмон
Ҷумҳурии исломии Эрон ва Олмон шаш санади ҳамкорӣ ва тафоҳумнома дар ҳавзаи роҳ, ҳамлу нақли роҳи оҳан, бандарҳо, дарёнавардӣ ва ҳавоӣ имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Аббоси Охундӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон рӯзи якшанбе дар ойини имзои ин асноди ҳамкорӣ дар ҳузури Александр Добринт, вазири ҳамлу нақл ва зербиноии Олмон дар Теҳрон гуфт, Эрон барои тавсеаи ҳамлу нақли худ ҳамкориҳои хуберо бо Олмон оғоз кардааст.
Охундӣ тавсеаи бандари Чобаҳор ва Бандар-Аббос, ҷанубу шарқ ва ҷануби Эрон, омӯзиши ҳамлу нақли атрофи Теҳрон, Аҳвоз ва Табрез ва афзоиши суръати қатор байни Теҳрон-Табрезро аз ҷумлаи асноди ҳамкории имзошуда бо Олмон донист ва таъкид кард, дар ҳавзаи ҳавоӣ дар ҳафта 30 парвоз байни Олмон-Эрон вуҷуд дорад.
Александр Добринт низ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Олмон барои суръат бахшидан дар амалӣ шудани асноди имзошуда талош мекунанд.