Шаҳодати яке аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияе аз шаҳодати сардор Ҳиҷозӣ- ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳ бар асари бемории дил хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Сипоҳ ниюз, дар иттилоъияи равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст : « Сардори олиқадр ва ҷонбози сарафроз сартипи посдор Сайидмуҳаммад Ҳусейнзодаи Ҳиҷозӣ- ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳ пас аз солҳо муҷоҳидату талошҳои хастагинопазир ва мухлисона дар арсаҳои мухталифи посдорӣ аз инқилоб ва хизмат ба низому меҳани исломӣ дар асари бемории дил ба дараҷаи волои шаҳодат ноил омад ва ба хели азими шаҳидон пайваст . »
Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияи худ зимни баршумурдани муҷоҳидатҳои сардор Ҳиҷозӣ дар даврони ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи ҳукумати вақти Ироқ алайҳи Эрон афзӯдааст : « Сардор Ҳиҷозӣ дар солҳои ахир таҷрибаҳои арзандаи худро барои ёрӣ ба мудофеъони ҳарам ва кумак ба ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар арсаи муқобила бо ДИИШ ва тероризми такфирй ба кор гирифт ва пас аз шаҳодати сипаҳбуди посдор ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ба пешниҳоди сардори посдор Исмоили Қоонӣ-фармондеҳи нерӯии Қудси Сипоҳ бо ҳукми сардори сарлашкар, посдор Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳ, ба мақоми ҷонишинии фармондеҳии ин нерӯ мансуб шуд ва хадамоти арзандае аз худ ба ёдгор гузошт . »
Дар поёни ин баёния омадааст : « Равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо табрику таслияти шаҳодати он фармондеҳи ҷонбозу вораста ва мухлис ба маҳзари Мақоми муъаззами раҳбарӣ ва фармондеҳии кулли қуво ,ҳазрати имом Хоманаӣ, миллати Эрон, хонаводаи мукаррами фармондеҳон, масъӯлону ҳамразмони вай дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Басиҷи мустазъафин ва низ размандагони ҷабҳаи муқовимат ба итилоъи мардуми шарифу қадршинос мерасонад ойинҳои ташйиъ ва тадфини пайкари поки вай дар чорчӯби тадобиру дастуруламалҳои Ситоди муқобила бо корона анҷом хоҳад пазируфт . »
Бештар бихонед :