Қаҳрамонии дастаи миллии гуштии озоди Эрон дар Осиё
-
Дастаи гуштии озоди бузургсолони Эрон қаҳрамони Осиё шуд
Дастаи гуштии озоди Эрон дар рақобатҳои бузургсолони қаҳрамонии Осиё ба қаҳрамонӣ даст ёфт .
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс: Сиючаҳорумин давраи рақобатҳои гуштии озоди бузургсолони қаҳрамонии Осиё рӯзҳои 17 ва 18 апрел дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд ва рӯзи якшанбе дар поён дастаи Эрон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт .
Дар поёни ин мусобиқот Ҳасани Яздонӣ, Комрони Қосимпур ва Алии Шаъбонӣ ба медали тилло даст ёфтанд .
Дастаи Эрон дар ин мусобиқот ҳамчунин ба се медали нуқра ва ду бринҷӣ даст ёфт .
Дар радабандии дастаҳо низ дастаи Эрон бо касби 179 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ расид ва тимҳои Ҳиндустону Қазоқистон ба тартиб бо 151 ва 149 имтиёз дувум ва сеюм шуданд .
Дастаи миллии гуштии фарангии Эрон низ дар рақобатҳои гуштии озоди бузургсолони қаҳрамонии Осиё ба мақоми аввал расид .
Бештар бихонед :
- Эрон қаҳрамони куштии озоди Осиё шуд
-
Қаҳрамонии тими гуштии озоди навҷавонони Эрон дар рақобатҳои осиёӣ