Баргузории маросими онлайни рӯзи бузургдошти Саъдӣ
Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ба муносибати аввали урдубиҳиштмоҳ (21 апрел) рӯзи бузургдошти Саъдӣ, маросими гиромидошти ин шоири пуровозаи порсигӯро дар фазои маҷозӣ баргузор мекунад.
Дар ин маросим, ки аз соати 16:00 то 18:00 рӯзи чаҳоршанбе баргузор хоҳад шуд, Ҳасани Булхорӣ, раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Меҳдӣ Муҳаббатӣ, донишёри Гурӯҳи адабиёти форсии Донишгоҳи Занҷон ва Кӯруши Камолии Суристонӣ, саъдишинос ва нависандаи осори адабӣ, суханронӣ хоҳанд кард.
Ин маросим ба сӯрати зинда аз сафҳаи Инстаграми анҷуман ба нишонӣ: https://www.instagram.com/anjomanasarmafakher2
Ва ҳамзамон дар сафаҳоти анҷуман дар нишониҳои зер пахш мешавад: https: //t.me/anjomanasarmafakherhttps://www. aparat. com/mafakherefarhangi
Бештар бихонед: