Апрел 20, 2021 19:49 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯҳо барои ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ ҳафтаи оянда дар Вена идома хоҳад ёфт
    Гуфтугӯҳо барои ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ ҳафтаи оянда дар Вена идома хоҳад ёфт

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи зиёдахоҳии тарафҳои гуфтугӯ дар Камиссиони муштараки БарҶом (тавофуқи ҳастаӣ) ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти Камиссиони муштараки БарҶом, ки рӯзи сешанбе дар Венаи Австрия оғоз шуда буд, андаке пеш поён ёфт ва қарор шуд, гуфтугӯҳо ҳафтаи оянда идома ёбад.

Дар нишасти рӯзи сешанбе Камиссиюни муштараки БарҶом, Саидаббоси Ироқчӣ, раиси ҳайати эронӣ зимни таъкиди дубора бар усӯл ва мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот бо тавофуқи ҳастаӣ ва масире, ки бояд тай шавад, раванд кунунии гуфтугӯҳоро ба вуҷуди душвориҳо ва чолишҳои мавҷӯд, рӯ ба ҷилав арзёбӣ кард. Ироқчӣ дар айни ҳол таъкид кард: « ҳайати эронӣ ҳар замон, ки раванд гуфтугӯҳо ба самти зиёдахоҳӣ, вақткушӣ ва чоназаниҳои ғайримантиқӣ баравад, гуфтугӯҳоро мутаваққиф хоҳад кард.»

Ҳайатҳо пас аз машварат дар пойтахтҳои матбуъи худ, ҳафтаи оянда зимн аз саргирии нишасти Камиссиюни муштараки БарҶом, гуфтугӯҳои фаннӣ ва коршиносиро дунбол хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп