Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар масири афзоиши сатҳи боздорандагии Эрон
Раиси Созмони падофанди ғайриомили Эрон Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро доктринаи низомӣ дар масири афзоиши сатҳи боздорандагии Эрон донист .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Ғуломризо Ҷалолӣ рӯзи панҷшанбе дар паёме ба сардор, сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба муносибати солрӯзи таъсиси Сипоҳ навишт: Дувуми урдубиҳишт ёдовари тадбири ҳакимонаи меъмори кабири Инқилоб дар бунёнгузории наҳоди инқилобӣ аз ҷинси мардуму ҷонфидоии мардум аст .
Сардор Ғуломризо Ҷалолӣ дар ин паём навишт:Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамаи солиёне, ки аз замони таъсисаш мегузарад ҳамвора зиндаву пӯё дар арсаҳои мухталиф ҳозир шудааст .
Дар ин паём омадааст:Тағйири муъодилоти муқовимат ва истодагӣ дар баробари мустакбирин ва эҷоду тақвияти қудрати боздорандагии кишвар дар баробари навъҳои гуногуни таҳдидҳо- ду иттифоқи муҳим пас аз ташаккули Сипоҳ аст .
Сардор Ҷалолӣ дар ин паём таъкид кард:Сипоҳ нишон дод, ки марз намешиносад ва ҳар ҷо пои дифоъ аз усӯлу ормонҳои Инқилоб дар миён бошад дар саҳна ҳузури муассир ва роҳбурдӣ дошта ва таъсиргузору таъинкунанда хоҳад буд .
Раиси Созмони падофанди ғайриомили Эрон дар ин паём таъкид кард,ки вилоятмадорӣ, коромадӣ дар арсаи дифоии нарму сахт,ба рӯз будан, масъӯлиятпазирӣ ва мардумдорӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ба намоди қудрату инсиҷоми миллати Эрон табдил кардааст .
Бештар бихонед :
-
Фармондеҳи баландпояи сипоҳ: Неруи баҳрии сипоҳ кобуси Амрико дар Халиҷи Форс аст
-
Рӯнамоӣ аз шаҳри мушакии ҷадиди нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорон
-
Сухангӯи сипоҳ: Замон ва макони интиқоми хуни сардор Сулаймониро Эрон таъин мекунад