Тасаллияти солрӯзи вафоти ҳазрати Хадичаи Кубро (с)
Даҳуми моҳи мубораки Рамазон солрӯзи вафоти Ҳазрати Хадича (с) ҳамсари гиромии Паёмбари ислом Ҳазрат Муҳаммад (с) аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳазрати Хадича (с), ки аз занони номдор ва сарватманди Қурайш буд, понздаҳ сол қабл аз беъсат бо Пайғамбари гиромии ислом (с) издивоҷ кард.
Ин бонуи бузургвор, нахустин зане буд, ки ба рисолати Пайғамбар имон овард ва бо тамоми тавону сарвати худ ба ёрии дини ислом бархост.
Ҳазрати Хадича (с) қабл аз ислом низ ба хотири доро будан сифати писандида ва фазоили ахлоқӣ ва покдоманӣ "Тоҳира" лақаб гирифта буд.
Вуҷуди Ҳазрати Хадича (с) барои Пайғамбари гиромии ислом (с) ба қадре аҳамият дошт, ки Пайғамбари Акрам (с) реҳлати ин бонуи бузургро мусибати азим хонданд ва соли реҳлати Ҳазрати Хадича (с) ва ҳомии бузурги дигари худ, яъни амаки худ Ҳазрат Абу Толиб (а)-ро Омул-Ҳузн, яъне соли андӯҳ номиданд.
Радиои тоҷикӣ фаро расидани солрӯзи вафоти Ҳазрати Хадича (с)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти гиромии Паёмбари ислом ва дигар озодихоҳони ҷаҳон тасаллият мегӯяд.