Фарёди инзиҷори ҷомеъаи қуръонии Эрон алайҳи тавҳин ба Қуръони Карим дар Шветсия
(last modified Tue, 04 Jul 2023 05:43:53 GMT )
Июл 04, 2023 10:43 Asia/Dushanbe
  • Фарёди инзиҷори ҷомеъаи қуръонии Эрон алайҳи тавҳин ба Қуръони Карим дар Шветсия

Дар таҷаммуъи бузурги ҷомеъаи қуръонии Эрон дар Теҳрон беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар кишвари Шветсия маҳкум шуд.

Силвон Момика дар Стокголм- пойтахти Шветсия дар нахустин рӯзи таътилоти иди Қурбон як нусха аз Қуръонро пора кард ва онро дар масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид.
Ин иқдоми тавҳиномез бо ҳимояти давлати Шветсия анҷом шуд ва чароғи сабзи ин ҷинояти шанеъ аз сӯии додгоҳи таҷдиди назари Шветсия содир шуд .
Иҳонат ба қуръони Карим дар Шветсия бо вокуниши густардаи давлатҳо, мардум,таҳлилгарон ва мароҷеъ дар кишварҳои исломӣ мувоҷеҳ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳозирон дар таҷаммуъи Теҳрон, ки ба намояндагӣ аз ҷомеъаи қуръонии Эрон дар маросим ҳузур доштанд Қуръон ба даст алайҳи иҳонаткунандагон ба Қуръони Карим шиор доданд.
Навиштаҳое бо мазмӯни « Кишвари Шветсия беэҳтиромӣ ба Қуръонро мутаваққиф кунад »  дар дастони ҳозирон дар маросим ба чашм мехӯрд .

Бештар бихонед :