Марги 434 нафари дигар бар асари ибтило ба корона дар Эрон
Апрел 28, 2021 16:14 Asia/Dushanbe
-
Шумори фавтиҳои корона дар Эрон ба 70 ҳазору ва 966 нафар расид
Бо фавти 434 нафари дигар бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта, шумори фавтиҳои ин беморӣ дар Эрон ба 70 ҳазору ва 966 нафар расид.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо интишори иттилоияе эълом кард, дар шабонарӯзи гузашта, 21 ҳазору 713 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва се ҳазору 467 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони коронаӣ дар Эрон ба ду миллиону 459 ҳазору 906 нафар расидааст, ки токунӯн як миллиону 923 ҳазору 81 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед:
- Охирин омори корона дар Эрон то 27 апрели 2021
- Шумори қурбониёни корона дар Эрон аз 70 ҳазор тан гузашт
Барчасп