Гушоиши нахустин намоишгоҳи маҷозии Қуръони карим дар Эрон
(last modified Sat, 01 May 2021 13:30:19 GMT )
Май 01, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Нахустин намоишгоҳи маҷозии Қуръони карими Эрон ба муддати 10 рӯз барқарор хоҳад буд
    Нахустин намоишгоҳи маҷозии Қуръони карими Эрон ба муддати 10 рӯз барқарор хоҳад буд

Нахустин намоишгоҳи маҷозии Қуръони карими Эрон ба нишонии https: //www.iqfa.ir/ бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гушоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, намоишгоҳи Қуръони карими имсол бо шиори «Қуръон, китоби рушду рӯиш» бо ҳузури Саидаббоси Солеҳӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон аз рӯзи шанбе 1 май 2021 баробар бо 18 Рамазон дар Эрон, ба сӯрати 24 соата ба муддати 10 рӯз ба сӯрати маҷозӣ дар дастраси алоқамандон ба Қуръон аст.

Вазири фарҳангу иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи ифтитоҳи ин намоишгоҳ аз он ба унвони нуқтаи атфе дар истифода аз фазои маҷозӣ ёд кард ва гуфт: «маҷмӯаҳои мухталифе, ки мехоҳанд аз маорифи қуръонӣ ва мушовираҳои қуръонӣ ва омӯзишҳои қуръонӣ истифода кунанд, метавонанд дар сатҳи густардаи ҷомеъаи эронӣ, балки ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз имконоти ин намоишгоҳ истифода кунанд.»

Дар ин намоишгоҳи маҷозӣ ду бахши аслии фурӯшгоҳӣ ва муҳтавоӣ вуҷӯд дорад, ки бахши фурӯшгоҳӣ ба фурӯши китобҳои чоппӣ дар ҳавзаи дин ва дифои муқаддас (ҷанги 8 солаи режими собиқи Ироқ алайҳи Эрон) ихтисос дорад ва имкони арза ва фурӯши тамоми китобҳои марбӯт ба ин ду ҳавза, ки ноширони он аз Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон муҷаввизи чоп гирифта бошанд, фароҳам шудааст.

Қарор аст дар ин намоишгоҳ 30 вебинари тахассусӣ дар ҳавзаҳои гӯногӯни фарҳанги қуръонӣ баргузор шавад, ки 10 вебинар дар сатҳи байналмилалӣ ва бо ҳузури меҳмонони барҷастаи фарҳанги қуръонӣ ва исломӣ аз 10 кишвар хоҳад буд.

Бештар бихонед: