Айёми шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)-ро таслият мегӯем
Май 01, 2021 21:43 Asia/Dushanbe
19-уми Рамазон солрӯзи зарбат хӯрдани ҳазрати Алӣ (а) дар масҷиди Куфа аст.
Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрии қамарӣ, Ибни Мулҷами Муродӣ аз гурӯҳи хавориҷ, дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (а), пешвои мусалмонони ҷаҳон дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард.
Ҳазрати Имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.
Сайти “Parstoday” ва радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани айёми шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти Паёмбари Акрам (с) таслият мегӯяд.