Ойини эҳёи нахустин шаб аз шабҳои қадр дар Эрони исломӣ
(last modified Sun, 02 May 2021 05:05:32 GMT )
Май 02, 2021 10:05 Asia/Dushanbe
  • Ойини эҳёи нахустин шаб аз шабҳои қадр дар Эрони исломӣ

Ойини эҳёи нахустин шаб аз шабҳои пурфазилати қадр бо дар назар гирифтани протоколҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз шуюи корона дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Муъмнони Худодӯст дар Эрон шанбе шаб дар шаби нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон нахустин шаби қадр ва шаби зарбат хурдани ҳазрати Алӣ алайҳиссалом дар масоҷид, ҳусайнияҳо, ҳарамҳои муқаддас ва дигар маконҳо бо гирдиҳам омадан ва қироати Қуръон то ҳангоми саҳар, алғавс-алғавс гуён, дуои Ҷавшани кабир ва Асмои аъзами илоҳиро замзама карданд.

Маддоҳони аҳли байти исмату таҳорат (а ) низ дар гиряи мавлои муттақиён ҳазрати Алӣ (а) навҳахонӣ ва марсиясароӣ карданд.

Шабҳои нуздаҳум, бисту якум ва бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон, шабҳои қадр аст ва мусулмонон бо шабзиндадорӣ, Қуръон бар сар гирифтан, ниёиш ва хондани дуо бо Худои худ розу ниёз мекунанд.

Шаби қадр шабест, ки дар ҳамасол, шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он тақдири соли инсон рақам мехурад.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрии қамарӣ Ибни Мулҷами Муродӣ, аз гурӯҳи хавориҷ дар ҳоле, ки ҳазрати имом Алӣ (а ) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард.

Ҳазрати имом Алӣ (а ) пас аз зарбат хурдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯзи баъд яъне бисту якуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон, қабулии ибодатҳои тамоми мусалмононро дар моҳи мубораки Рамазон ба вижа дар шабҳои қадр аз Худованди мутаол хостор аст.

Бештар бихонед: