Мавзеи Эрон дар музокироти Вена; рафъи комили таҳримҳо
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон мавзеи қотеъи Эрон дар музокира бо 4 +1-ро рафъи комили таҳримҳои Амрико зидди Эрон донист .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳо гуфт : « Сиёсати Эрон бозгашти ҳамаҷонибаи Амрико ба зайли таъаҳҳудот дар қатъномаи 2231 бо диққат ва калима ба калима аст . Мо на шитоб дорем ва на вориди бозии фарсойишӣ мешавем . »
Хатибзода афзуд : « Ончӣ муҳим аст ин аст, ки бозгашти Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ бояд якҷо, қатъӣ ва қобили ростизмоӣ бошад . »
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо радди хабари табодули зиндониён миёни Эрону Амрико низ гуфт : « Ҷудо аз гуфтугуҳо ва масоиле, ки дар Барҷом дунбол мешавад мавзӯи зиндониҳо ҳамвора дар дастури кори Эрон будааст ва ин гузоришҳои мунташиршуда ба нақл аз манобеи огоҳ таъйид намешавад . »
Бархе расонаҳо рӯзи якшанбе аз тавофуқи Эрону Амрико барои озодии мутақобили ҳашт зиндонӣ хабар дода буданд .
Бештар бихонед :