Май 04, 2021 16:26 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати марзбони эронӣ дар даргирӣ бо ашрори мусаллаҳ

Марзбони эронӣ дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар ғарби Эрон ба шаҳодат расид.

Генерал Алиризо Марзбонӣ, фармондеҳи марзбонии устони Курдистон (ғарби Эрон) гуфт, марзбонони қисми марзии Маривон дар ҳини муроқибат аз навори марз, дар минтақаи марзии Дарраи Нахии ин шаҳристон бо афроди мусаллаҳ даргир шуданд.

Вай афзуд, дар ҷараёни ин даргирӣ летинанти сеюм Ҳусайни Номвар, марзбони қисми марзии Маривон ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омад.

Шаҳристони марзии Маривон дар фосилаи 128 километрии Санандаҷ, маркази устони Курдистон дар ғарби Эрон воқеъ шудааст.

 

Барчасп