Рӯҳонӣ: Таҳримҳо шикаста шудааст
Раси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард таҳримҳои Амрико зидди Эрон шикаста шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли ИРНА, Раиси Ҷумҳурии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт: «Ба мардум эълом мекунам таҳрим шикаста шудааст ва агар ҳама бо ҳам муттаҳид бошем ба зудӣ таҳрим бардошта мешавад.»
Рӯҳонӣ афзуд: «Тарафи муқобил медонад роҳе ҷуз бозгашт ба қонун ва таъаҳҳудоти худ ва мувофиқатномаи Барҷом вуҷуд надорад.»
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Имрӯз рӯзи азои саҳюнистҳо дар рӯзи Қудс 1400 ( ҳиҷрии хуршедӣ )аст, зеро ҳам ҷанги иқтисодӣ, ки аз тариқи Амрико ба роҳ андохтанд, дар ҳоли шикасти ниҳоӣ аст ва ҳам талош барои фосила андохтани кишварҳои минтақа бо Эрон дар масири ниҳоии шикаст аст.
Рӯҳонӣ таъкид кард: «Ҳуқуқи миллати Эрон дар Барҷом бояд ба таври комил ба даст ояд ва аз ҳеч чизе сарфи назар намекунем.»
Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба наздик будани Рӯзи Қудс ва гиромидошти ин рӯз низ гуфт: «Ҷумъаи ин ҳафта Рӯзи Қудс аст, ки ин рӯзи яке аз ифтихороти низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз васиятҳои Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ )аст.»
Бештар бихонед: