Май 06, 2021 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ барои ҳузур дар даври чаҳоруми музокироти барҷомӣ вориди Вена шуд

Муовини сиёсии вазири умури хориҷа ва раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон барои ҳузур дар даври чаҳоруми музокироти Барҷом вориди Вена-пойтахти Австрия шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидаббоси Ироқчӣ имрӯз панҷшанбе барои ширкат дар даври чаҳоруми музокироти Барҷом, вориди пойтахти Австрия шуд .

Муовини сиёсии вазорати умӯри хориҷаи Эрон  имрӯз бо Рафаел Гросси- мудири кулли Ожонси байналмилаллии энержии атомӣ низ дидор хоҳад кард .

Ҷаласоти ахири комиссиюни муштараки Барҷом дар ростоии эҳёии тавофуқи ҳастаӣ аз тариқи лағви таҳримҳои Амрико дар ҳоли баргузорӣ аст

Ҷумҳӯрии исломии Эрон таъкид кардааст   шарти бозгашт ба гомҳои таълиқшуда дар Барҷом лағви ҳамаи таҳримҳои зиддиэронии Амрико аст .

 

    Бештар бихонед :

 

 

Барчасп