Оромгоҳи Фирдавсӣ мизбони донишгоҳиёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
(last modified Mon, 24 Oct 2016 15:07:46 GMT )
Октябр 24, 2016 20:07 Asia/Dushanbe
  • Оромгоҳи Фирдавсӣ мизбони донишгоҳиёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ

Сад донишҷӯ ва устод аз кишварҳои исломӣ аз оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, дар шаҳри Туси Машҳад, боздид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Идораи кули мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии устони Хуросони Разавӣ, Эҳсони Зуҳравандӣ-мудири пойгоҳи мероси фарҳангӣ ва манзари торихии Тус, рӯзи душанбе гуфт, оромгоҳи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, дар ҳошияи чаҳорумин ҳамоиши шабеҳсозии Созмони ҳамкории исломӣ дар Машҳад, мизбони 100 донишҷӯ ва устод аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ буд.

Ба гуфтаи Зуҳравандӣ, маросими шоҳномахонӣ ва нақолӣ дар оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ барои нухбагони ҷавони кишварҳои исломӣ баргузор шуд ва ҳамзамон бо ғурӯби офтоб низ намози ҷамоати мағриб ва ишо дар оромгоҳи Фирдавсӣ иқома шуд, ки мавриди истиқболи меҳмонон қарор гирифт.

Шаҳри Машҳад аз суи Созмони исломии омузишӣ, илмӣ ва фарҳангии -ИСЕСКО ба унвони яке аз пойтахтҳои фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2017, интихоб шудааст ва дар остонаи соли ҷадиди милодӣ, ҳамоишҳое бо ҳадафи омодагӣ барои ин муносибат дар ин шаҳр баргузор мешавад.