Май 08, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз Созмони милали муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ хост, ҷинояти Исроил алайҳи фаластиниҳоро мутаваққиф кунанд
    Эрон аз Созмони милали муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ хост, ҷинояти Исроил алайҳи фаластиниҳоро мутаваққиф кунанд

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамлаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ва намозгузорони фаластиниро маҳкум кард.

Саиди Хатибзода рӯзи шанбе гуфт: “Эрон юриши низомиёни режими ишғолгари Қудс ба Масҷидулақсо аввалин қиблагоҳи муслимин ва ҳамла ба намозгузорони фаластиниро дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ва Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба шиддат маҳкум мекунад”.

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд: “Ҷумҳурии исломии Эрон зимни маҳкум кардани ин ҷинояти мусаллам алайҳи башарият аз Созмони милали муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мехоҳад, ки ба вазифаи қатъии худ дар бархурд бо ин ҷинояти ҷангӣ амал намоянд.  

Манобеи хабарӣ ҷумъа шаб аз ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсогузориш доданд.

Бар асоси ин гузоришҳо, низомиёни саҳюнист шомгоҳи ҷумъа дарҳои Масҷидулақсоро бастанд ва ба намозгузорони фаластинӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он дастикам 53 фаластинӣ захмӣ шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп