Вокуниши Зариф ба сесолагии хурӯҷи Амрико аз Барҷом
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба сеюмин соли хурӯҷи Амрико аз Барҷом, дар тветте навишт, ки дар 3 соли гузашта як далғаки сиёҳрӯ таъаҳҳудоти Амрико ба Барҷом ва қатъномаи 2231-ро поймол кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эронпресс, Муҳамадҷаводи Зариф дар сафҳаи Тветтери худ навишт : Дар ҳоле ки талош мекунем Барҷомро дар Вена эҳё кунем, лозим аст ба ёд биоварем, ки ин масъала чи гуна оғоз шуд .
Зариф бо ишора ба хурӯҷи давлати Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии пешини Амрико аз Барҷом дар торихи 8 маи 2018 навишт, ки як далғаки сиёҳрӯ таъаҳҳудоти Амрико ба Барҷом ва қатъномаи 2231-Шурои амнияти Созмони Миллалро поймол кард .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин навишт : Таъаҳҳуд бар души Амрико аст .
Зариф ҳамчунин навишт: Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико бояд тасмим бигирад, ки ин кишвар ба беқонунӣ поён диҳад .
Бо хурӯҷи Амрико аз Барҷом ва иқдоми Вашингтон дар нақзи таъаҳҳудоти худ Ҷумҳӯрии исломии Эрони бархе таъаҳҳудоти барҷомии худро таълиқ кард .
Ҷумҳӯрии исломии Эрон таъкид кардааст ҳангомӣ ба таъаҳҳудоти барҷомии худ боз хоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳои зидди Эронро дар амал лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад .
Бештар бихонед :
-
Русия: Эҳтимол дорад даври ҷадиди музокироти Барҷом тӯлонӣ бошад
-
Дидгоҳи Раҳбарӣ дар бораи музокирот; шарти Эрон-асоси эҳёи Барҷом