Май 09, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиён бештар аз ҳар чиз нигарони интиқоми Эрон аз Ҳук ва Помпео  ҳастанд
    Амрикоиён бештар аз ҳар чиз нигарони интиқоми Эрон аз Ҳук ва Помпео ҳастанд

Пойгоҳи хабарии "Yahoo News " шомгоҳи шанбе ҷузъиёти бештареро дар бораи террори ҷинояткоронаи сардори сипаҳбуд "Қосим Сулаймонӣ", фармондеҳи шаҳиди Нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба дасти низомиёни террористи амрикоӣ ироа кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Яҳу нюз», дар ин гузориш, ки «Ҷак  Мурфӣ» ва «Зак Дорфман » бар асоси мусоҳиба бо 15 мақоми кунунӣ ва пешини Амрико таҳия кардаанд омадааст: «Террори [ сардори шаҳид ] Сулаймонӣ аз пурпаёмадтарин тасмимоти сиёсати хориҷии давлати Трамп буд, ки таъсироти он барои солҳои оянда  бозтоб хоҳад ёфт.» 
  

Дар идомаи ин матлаб ба нақл аз мақомҳои аршади собиқи Созмони Ҷосусии Амрико (CIA ) омадааст, ки ин созмон ва ожонси амнияти миллии Амрико дар солҳои гузашта тақрибан «чандсад миллион доллар» дар бораи барномаҳои таҳқиқотӣ харҷ карданд то битавонанд бо радёбии дастгоҳҳои электронӣ ва васоили иртиботии эрониҳо, муколимоту сӯҳбатҳои сардор  Сулаймониро гӯш кунанд  ва забт кунанд. 

 Ба гуфтаи масъулони аршади собиқ ё бознишастаи Вазорати хориҷаи Амрико дар лоиҳаи буҷет имзо шудаи Трамп дар рӯзҳои поёнии соли қабл, 15 миллион доллар барои ироаи хадамоти муҳофизатӣ ба касоне, ки бо таҳдиди ҷиддии як қудрати хориҷӣ ё омилони он рӯбарӯ ҳастанд, ихтисос дода шуд то битавонад бар ин асос аз эҳтимоли интиқоми Эрон аз мақомоти амрикоӣ ҷилавгирӣ кунад. 

Дар поёни ин матлаб омадааст: Амрикоиҳо бештар аз ҳарчиз нигарони интиқоми Эрон аз Ҳук ва Помпео ҳастанд. 

Низомиёни террористи амрикоӣ сеюми январи 2020 дар иқдомии буздилонаи сардори сипаҳбуд «Қосими Сулаймонӣ», фармондеҳи шаҳиди нерӯи  Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ ал-Муҳандис» , ноиби раиси вақти Созмони Ҳашду шаъбии Ироқро ба ҳамроҳи чанд нафар аз размандагони муқовимат  ҳангоми хуруҷ аз фурӯдгоҳи Бағдод ба шаҳодат  расонданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп