Нахустин ваксинаи эронии корона ба тавлиди анбӯҳ расид
-
Илова бар “Ков Эрон Баракат” чанд ваксинаи дигари эронии корона низ мароҳили мухталифи озмоиш ва тавлидро мегузаронанд
Яке аз ваксинҳои эронии корона, ки мароҳили мухталифи озмоишии худро бо муваффақият гузарондааст ба тавлиди анбӯҳ расид.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин ваксина Ков Эрон Баракат (COVIRAN BAREKAT) ном дорад, ки дар Ситоди иҷроии фармони ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) тавлид шудааст.
Муҳаммади Мухбир, раиси Ситоди иҷроии фармони ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дар бораи тавлиди ваксинаи эронии Ков Эрон Баракат гуфт: «аввалмн маҳмӯлаи ин ваксинаро, ки 300 ҳазор доз аст имрӯз сешанбе таҳвил додем.»
Мухбир афзуд: «то август - сентябри 2021) низ қодир хоҳем буд 30 миллион доз таҳвил диҳем.»
Вай дар бораи озмоишҳои болинӣ, ки токунӯн анҷом шудааст низ гуфт, натиҷаи ин озмоиш тақрибан 100 дарсад мусбат буда ва то имрӯз дар фази як ва ду, таъсири 100 дарсадӣ доштааст ва умедворем дар фази се (озмоиши густарда) низ таъсири саддарсадӣ бигузорад.
Донишмандону мутахассисони эронӣ муваффақ ба тавлиди чанд навъи ваксина барои муқобила бо вируси корона шудаанд, ки дар марҳалаҳои мухталифи тавлид аст.
Бештар бихонед:
- Тавлиди анбӯҳи ваксинаи эронии Ков Эрон Баракат
- Муҳаққиқи эронӣ довталаб дарёфти ваксинаи коронаии тавлиди тими худ шуд+филм