Зариф ва Керри барандаи ҷоизаи муассисаи мутолеотии "Chatham House"
(last modified Tue, 25 Oct 2016 08:59:10 GMT )
Октябр 25, 2016 13:59 Asia/Dushanbe
  • Зариф ва Керри барандаи ҷоизаи муассисаи мутолеотии

Муассиса мутолеотии "Chatham House" (Чатм Ҳаус) дар Лондон рӯзи душанбе Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ҷон Керри, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Амрикоро барандагони ҷоизаи соли худ муаррифӣ кард.

Дар гузориши ин муассисаи байналмилалӣ омадааст, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Амрико ба далели нақши муҳиме, ки дар соли 2015 дар муваффақияти музокироти ҳастаии Эрон ва панҷ ба иловаи як доштанд, шоистаи ин унвон ташхис дода шудаанд.

Дар музокироти ҳастаии Эрон ва панҷ ба иловаи як, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди монеътарошии кишварҳои ғарбӣ, ҳуқуқи ҳастаии худро исбот кард.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон душанбешаб бо таъйиди тааллуқи ҷоизаи вижаи 2016-и муассисаи муътабари байналмилалии "Chatham House"-и Лондон ба Муҳаммадҷаводи Зариф гуфт, Зариф ин ҷоизаро мутааллиқ ба миллати муқовими Эрон медонад.

Қосимӣ афзуд, вазири умури хориҷаи Эрон ҷоизаи вижаи муассисаи муътабари байналмилалии "Chatham House"-ро ба далели кӯмак ба сулҳи ҷаҳонӣ дарёфт мекунад.

Муассисаи мутолеотии "Chatham House" як созмони ғайридавлатӣ ва маркази пажӯҳишӣ дар шаҳри Лондон аст, ки ба таҳлили чолишҳои роҳбурдӣ мепардозад ва ҷоизаи солонаи худро ба фард, афрод ё созмонҳое медиҳад, ки бештарин кӯмакро ба густариши равобити байналмилалӣ дар тӯли як сол карда бошанд.