Апрел 26, 2021 14:24 Asia/Dushanbe
  • Дар ин сафар дар заминаи тавсеаи муносиботи дуҷониба, масоили минтақаӣ ва фароминтақаӣ гуфтугу мешавад
    Дар ин сафар дар заминаи тавсеаи муносиботи дуҷониба, масоили минтақаӣ ва фароминтақаӣ гуфтугу мешавад

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон якшанбе дар садри ҳайъате барои дидор ва гуфтугу бо мақомоти Ироқу Қатар озими ин ду кишвар шуд.

Вай якшанбе шаб бо шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири ин кишвар дидор кард. Зариф дар ин дидор бо ташреҳи охирин таҳаввулоти равобити Эрону Қатар дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ, заминаҳо ва зарфиятҳои мавҷуд барои густариши муносиботи ду кишварро мусбат арзёбӣ кард.

Қарор аст, имрӯз душанбе низ Зариф бо мақомоти ироқӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Вазири хориҷаи Эрон дар твитте навишт: “Аз тафоҳумоти эъломии Кувайт дар Халиҷи Форс истиқбол мекунем. Сиёсати деринаи Эрон дипломатия, равобити мубтанӣ бар ҳусни ҳамҷаворӣ ва гуфтугуҳои минтақаист. Умедворем, ин оштӣ ба суботу тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи миллатҳои минтақаи мо кумак кунад”.  

Комрони Карамӣ, коршиноси байналмилал дар таҳлили аҳаммияти аҳдофи ин гуфтугуҳо, бо ишора ба тамоюли Қатар барои миёнҷигарӣ байни Эрону Арабистон муътақид аст, ки дар ин замина бояд ба ҳамаи муаллифаҳои муассир дар эҷоди ҳамгароӣ дар чорчуби манофеи муштарак дар муқобили таҳдидҳои муштарак таваҷҷуҳ дошт.

Асосан яке аз илали аслии бурузи мушкилот дар минтақа ҳузури низомии Амрико ва сиёсатҳои тафриқаафканонаи бархе қудратҳои фароминтақаист, ки манофеи худро дар эҷоди буҳрон ва ҷангҳои минтақаӣ ва фурӯши силоҳ дунбол мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, кишварҳои минтақа бо кумаки якдигар мушкилотро ҳал кунанд.

Шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири Қатар дар сафараш ба Теҳрон дар январи соли 2020 бар ҳамин нукта таъкид кард ва гуфт: Муътақидем, бояд барои ҳифзи амният дар ин минтақа бо ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре таъсиргузор дар минтақа ҳамкорӣ кунем ва ҳаргуна ҳамкории амниятӣ дар ҳавзаи халиҷи Форс бидуни ҳузури Эрон арзише надорад.

Бояд гуфт, бистари чунин гуфтугуҳое ниёзманди дарки муштарак аз таҳдидҳои муштарак аст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп