Май 13, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • намози иди саиди Фитр
    намози иди саиди Фитр

Мардуми муъмин ва худоҷӯи Эрони исломӣ пас аз як моҳи рӯзадорӣ, намози иди саиди Фитрро бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ дар масоҷид, маконҳои мутабаррика ва оромгоҳҳои имомзодагони мутаҳҳар барпо карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзадорон рӯзи панҷшанбе ва пас аз як моҳи меҳмонии Худо, аз нахустин соъоти субҳ бо ҳузур дар ҳавлии масҷидҳо маконҳои мутабаррика ва ҳарамҳои мутаҳҳар сафҳои намозро мутобиқ бо шеваномаҳои беҳдоштӣ ташкил доданд ва намози иди Фитр дар саросари кишвар бо шеваву ҷилваи хосе иқома шуд .

Намози иди саиди Фитр дар шаҳрҳои сурху норанҷӣ дар фазои боз ва дар шаҳрҳои зарду кабуд бар асоси тарҳи мудирияти ҳушманд дар намозгоҳҳо ва масҷидҳо баргузор шуд .

Намози иди саиди Фитри имсол дар Теҳрон ба имомати ҳуҷҷатулислом валмуслимин Мустафо Рустамӣ - раиси ниҳоди намояндагии Мақоми муъаззами раҳбарӣ дар донишгоҳҳо ва ба далели вуҷуди вируси корона ва бо риояти фосилагузории иҷтимоӣ ва дастӯруламалҳои беҳдоштӣ дар фазои бози Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд .

Имрӯз ( панҷшанбе ) дар бештари кишварҳои исломӣ аз ҷумлаи Ҷумҳӯрии исломии Эрон иди саиди Фитр эълом шудааст .

Дар дини ислом нахустин рӯзи моҳи шаввол, ба унвони иди Фитр таъин шудааст .

 

    Бештар бихонед :

 

 

Барчасп