Май 13, 2021 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон
    Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон

Раиси ҷумҳӯрии Эрон дар паёме фаро расидани иди саиди Фитрро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон дар ин паём хотирнишон кард : Иди Фитр, ҷашни бозгашт ба фитрат ва мавсими шаъафу сурури рӯзадорону бандагон солеҳе аст, ки ҷони хешро дар наҳри зулоли Рамазон татҳир кардаанд ва ба воситаи тазкияву таҳзиби нафас сарафрозона дар пешгоҳи Илоҳӣ ба бандагии хеш фахру мубоҳот мекунанд .

Дар паёми табрики раиси ҷумҳӯрии Эрон тасреҳ шудааст : Итминон дорам дар партави иродаву кушиши муштараки раҳбарони кишварҳои исломӣ, пайвандҳои маваддату дӯстӣ миёни мусулмонони ҷаҳон беш аз гузашта таҳким меёбад ва шоҳиди рушду эътилои фарҳанги ислом дар саросари ҷаҳон хоҳем буд .

Рӯҳонӣ дар паёми табрики худ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди саиди Фитр ибрози умедворӣ кардааст ба юмну баракати ин иди фархунда, шоҳиди контролу нобудии бемории корона дар саросари ҷаҳон бошем .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп