Май 14, 2021 18:13 Asia/Dushanbe
  • Соборӣ: \
    Соборӣ: \"Шоҳнома\" барои мардуми Эрону Тоҷикистон асари мондагор ва гиромист

Сафири Эрон дар Душанбе дар паёме ба муносибати 25 урдубиҳишт ва 15 май, ки дар тақвими Эрон рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст барои ду миллати Эрон ва Тоҷикистон сарбаландӣ, оромиш, пешрафт ва некӯаҳволӣ орзу кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИСНА; сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон «Муҳаммадтақии Собирӣ », рӯзи ҷумъа дар ин паём навишт: Ҳакими фарзонаи Тус ва асари гаронмояаш «Шоҳнома» барои мардуми Эрон ҳамонанди ҳамзабонони тоҷикашон  асаре мондагор, гиромӣ ва сазовори эҳтиром абадист.

Собирӣ афзуд: Шоҳнома, санади ҳувияти Эрони куҳан аз қадимтарин тамаддунҳои шинохташудаи ҷаҳон аст ва шеъри пурҷалоли Фирдавсӣ посдори забони порсӣ ва ганҷинае мондагор аз омӯзаҳои тавҳидӣ ва ахлоқист, ки бо номи худо шурӯъ мешавад ва саршор аз мафоҳиме ҳамонанди донишандӯзӣ, адолат, додгарӣ, некӯкорӣ ва хирадварзист. 

 

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард: Мӯҷиби ифтихор аст ки порсизабонон, мафохири арзишманде чун  Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавӣ ва ҳакимоне ҳамчун Фирдавсиро тайи қарнҳо ба ҷомеаи башарият арза кардаанд.   
 

Ҳар сол дар 25 урдубиҳишт  рӯзи Фирдавсӣ дар шаҳри Машҳад, ки зодгоҳ ва оромгоҳи ин шоир ва ҳакими эронист ва низ дар сойири шаҳрҳои Эрон маросими вижае баргузор мешавад. 


  
   Бештар бихонед:

Барчасп