Май 15, 2021 10:09 Asia/Dushanbe

Имрӯз 25-уми урдубиҳишт баробар бо 15 май дар тақвими миллии Эрон, рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва посдошти забони форсӣ аст. Фарзонае, ки 30 сол аз умри худро вақфи навиштани “Шоҳнома” ва ҳифзи ин забони куҳан кард.

Дар саросари “Шоҳнома”,  паҳлавонон дар дифо аз майҳан ва шарафи мардумонаш ба по мехезанд ва ҷон медиҳанд ва “Шоҳнома”, бузургтарин санад ва китоб ба забони порсӣ аст.

Оромгоҳи ин ҳакими сухансаро қарнҳо аст дар шаҳри Машҳад зиёратгоҳи аҳли дил аст.

Гиромидошти ин рӯз ба маънои бузургдошти арзишҳои инсонӣ ва такя бар ҳувияту дидгоҳҳои баланду ҷовидонае аст, ки инсони имрӯз сахт ба он ниёзманд аст.

Башари имрӯз беш аз ҳамеша ба хирадмандӣ, дӯстӣ ва парҳез аз хушунат ниёз дорад ва ёдоварии солона чунин рӯзҳое баҳонае аст то заминаро барои ошноӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ ва тамаддунии худ ҳамвор кунем ва биомузем, ки чигуна бояд аз ганҷинаи бепоёни доштаҳои хеш баҳрагирем.

Баҳрабардорӣ аз ин омӯзаҳо моро барои рӯёрӯӣ бо душвориҳо ва убӯр аз онҳо ёрӣ медиҳад.

Ба фармудаи Ҳакими Тӯс:

Зи Яздону аз мо бар он кас дуруд

Ки тораш хирад бошаду доду буд

Радиои тоҷикии Садои Хуросон рӯзи бузургдошти Ҳакими хирадманди Тӯс ва қуллаи баланди шеъри форсиро ба ҳамаи порсизабонон табрик мегӯяд.

 

 

Барчасп