Октябр 25, 2016 18:53 Asia/Dushanbe
  • Раъйи мусбати Аврупо ба қатъномаи оддисозии равобит бо Эрон

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе дар парлумони ин иттиҳод қатъномаи оддисозии равобит бо Эронро тасвиб карданд.

Дар ин қатънома, Парлумони Аврупо бо изъон бар нақши муассири Эрон дар барқарорӣ ва эҷоди суботу оромиш дар минтақа, бар лузуми мушорикати созандаи ин кишвар дар ҳалли муноқишоти минтақаӣ ва мубориза бо терроризм бавижа ДИИШ ва соири гурӯҳҳои мушобеҳ ва густариши равобити Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар тамомии заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энержӣ, илмӣ, омӯзишӣ, пажуҳишӣ ва зистмуҳитӣ таъкид шудааст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба қатъномаи Иттиҳоди Аврупо тасреҳ кард: Ин мавзуъ ҳокӣ аз иродаи мусбати ин ниҳоди аврупоӣ барои густариш ва таъмиқи муносиботи дуҷониба бо Эрон аст .

Баҳроми Қосимӣ афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон аз Парлумони Аврупо интизор дорад, мутаносиб бо шароити даврони пасотаҳрим ва ба дур аз мулоҳизоти сиёсӣ ва ҷору ҷанҷолҳои таблиғотӣ, роҳкорҳои мушаххасеро барои густариш ва таъмиқи равобит бо Эрон тадвин ва танзим кунад .