Тоҷири аргентинаӣ дар боргоҳи мунаввари разавӣ ба дини мубини ислом мушарраф шуд
Як тоҷири аргентинаӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо( ъ ) ва адои шаҳодатин ба дини мубини ислом мушарраф шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин фарди аргентинаӣ бо номи Фабиан Гарсия, ки пас аз ташарруф ба дини ислом, номи Ризоро барои худ баргузида аст, гуфт : Ҳудуди се сол аст, ки дар Эрон машғули тиҷорат ҳастам ва дар ин муддат то ҳудуде бо фарҳанги ин кишвар ва дини ислом ошно шудам.
Вай афзуд : Дар муддати ҳузурам дар Эрон бо мушоҳидаи расму ойини мардуми ин кишвар ҷазби фарҳанги ин миллат шудам ва бо мутолиаву касби иттилоот аз дӯстони эронии худ, тасмим гирифтам аз масеҳият ба дини ислом мушарраф шавам .
Ин тозамусулмони аргентинаӣ идома дод : Дар нахустин лаҳазоти вурудам ба боргоҳи нӯронии ҳазрати Имом Ризо ( ъ ) бо дидани гунбади нӯронӣ ва тиллоии ин боргоҳ ва саҳну сарои ҳарам, оромиши васфнопазире вуҷудамро фаро гирифт ва тасмимам барои ташарруф ба ин дини осмонӣ ҷиддитар шуд .
Вай бо баёни ин ки орзӯи дарунии ҳар инсоне расидан ба саъодат ва хушбахтӣ аст, гуфт : Ман дарёфтам, ки ин орзӯро метавонам бо ташарруф ба дини ислом бароварда кунам .
Ин тоҷири аргентинаӣ изофа кард : Дар лаҳзаи адои шаҳодатайн маънавияте саросари вуҷудамро фаро гирифт, ки то пеш аз он ин эҳсосро таҷриба накарда будам ва дар ин лаҳза орзӯ кардам, ки сулҳу амният дар ҷаҳон ҳоким шавад .
Ризо Гарсия афзуд : Қуръони маҷид ҳамвора роҳнамои зиндагии ман аст ва эътиқод дорам тамоми мушкилоти ман бо тавассул ба ин китоби осмонӣ ва таваккул ба Худо рафъ хоҳад шуд .
Бештар бихонед :